Тозатарин омори корона дар Тоҷикистон
51 нафар дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон ба корона мубтало шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди мазкур гузориш дод: Теъдоди мубталоён ба корона ба 5900 нафар расидааст.
То кунун 4506 (76 дарсад) аз ин беморон дармон шуданд ва 52 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд. Таи 24 соати гузашта, 264 нафар зери назари пизишкон бистарӣ шуданд ва 58 нафар низ пас аз дармон ҷавоб шуданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард: Ҳукумати ин кишвар дар ҳоли ҳозир тамомии иқдомоти лозим барои пешгирӣ ва дармони вируси коронаро иҷро мекунад.
Ҳудуди 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор пизишки мутахассис дар 85 бемористони кишвар фаъолият мекунанд.