Бозгардондани наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон
Дар ду рӯзи охир наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба кишварашон бозгардонида шуданд.
Ба гузориши радиои тоқикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бо мусоидати ҳукумати Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи муштараки ин ду кишвар таҷамӯъ карда буданд аз тариқи гузаргоҳи марзии Фотеҳобод вориди қаламрави вилояти Суғд шуданд.
Ҳамчунин бо ҳамкории ҳукумати Қазоқистон 200 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози фавқулоддаи ҳавопаймои ширкати Сосон Эйр ба Душанбе мунтақил шуданд.
Ин дар ҳолест,ки 10 рӯз қабл бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират 533 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи муштараки Қазоқистон ва Ӯзбекистон банд монда буданд,бо автобусҳо ба шаҳри Хӯҷанд мунтақил шуданд.
Аксари ин афрод коргарони муҳоҷири тоҷик мебошанд, ки ба далели густариши вируси корона дар Россия ва Қазоқистон бекор шуда ва маҷбур буданд ба иллати баста шудани марзҳо аз роҳи заминӣ худро ба Тоҷикистон расонанд.