Июл 01, 2020 12:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози имтиҳоноти вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шароити ҳамагирии корона

Имтиҳоноти вуруд ба донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишии Тоҷикистон аз имрӯз чаҳоршанбе аввали июл дар шароити ҳамагирии вируси корона оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Маркази миллии тестии Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кардааст, ки ин имтиҳонот то рӯзи ҳафтуми июли соли равон дар 18 шаҳру ноҳияи ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар рӯзи нахусти имтиҳоноти вуруд ба донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишии Тоҷикистон довталабон дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳҳои улуми таҷрибӣ ва технологиҳои нав ширкат мекунанд.

Бар асоси гузориши маркази воҳиди имтиҳоноти Тоҷикистон, имсол дар озмунҳои вурудӣ ба донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши ин кишвар 98 ҳазору 840 нафар сабтином кардаанд, ки муваззаф ба доштани ниқоби тиббӣ ва дасткаш дар ҷаласаи имтиҳон мебошанд.

Ҳамчунин қабл аз вуруди довталабон ба марокизи имтиҳонот таби онон санҷида мешавад ва дар сурати мушоҳидаи нишонаҳои бемории КОВИД-19 аз ҳузури онон ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп