Кумаки 30 миллиондолларии БОР ба Тоҷикистон
Бо таваҷҷуҳ ба густариши корона, Бонки осиёии рушд 30 миллион доллар барои ҳимоят аз иштиғолзоӣ ва давраҳои маҳоратафзоӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин кумаки молӣ барои ифтитоҳи се маркази нави хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ, се маркази хадамоти гардишгарӣ, беҳбуди фаъолияти барқрасонӣ ва кишоварзӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Роғун ва ноҳияи Данғара ба манзури ҷуброни пайёмадҳои манфии вируси корона ва иштиғолзоӣ барои коргарони муҳоҷири бозгашта аз Русия ҳазина хоҳад шуд.
Эйко К.Изава, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои бахши иҷтимоӣ дар департаменти БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели густариши вируси корона дар Русия ва Қазоқистон бекор шуда ва ба кишвари хеш боз мегарданд, ки бояд барои онон иштиғолзоӣ кард.
Бахше аз ин кумаки молӣ барои баргузории давраҳои маҳоратафзоии коргарони муҳоҷир ҳазина хоҳад шуд.
Чанд рӯзи қабл низ Бонки осиёии рушд эълом кард, ки 50 миллион доллар барои муқобила бо пайёмадҳои бемории корона ба Тоҷикистон кумак мекунад.