Июл 03, 2020 20:40 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 650 шаҳрванди тоҷик ба кишвар аз Узбакистон ва Қазоқистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз бозгашти 650 шаҳрванди ин кишвар аз марзҳои Узбакистон ва Қазоқистон ба ин кишвар хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз бозгашти 650 шаҳрванди ин кишвар аз марзҳои Қазоқистон ва Узбакистон ба ин кишвар хабар дод.

Бар ҳамин асос дар таърихи аввали июл, 108 шаҳрванди тоҷик аз исти бозрасие дар марзт Қазоқистон ва Узбакистон ба ватан бозгардонда шуда буданд, ки аввал аз ҳама, занон, кӯдакон ва афроди солманд дар авлавият қарор доштанд.

Пеш аз ин Вазорати умури хориҷа гузориш дода буд, ки ҳамоҳангиҳои лозим бо мақомоти Узбакистон дар ин замина дар ҳоли анҷом аст.

Ҳамчунин дар чанд рӯзи гузашта садҳо тоҷик дар гузаргоҳи марзӣ бо кумаки Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо 14 автобус аз хоки Узбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Бар ҳамин асос, ҳамаи афроди бозгашта қарантина мешаванд. Дар миёни гурӯҳҳои қаблии шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки аз марзи Қазоқистон ва Узбакистон баргардонда шуда буданд, беш аз 50 нафар ба корона мубтало шуда буданд.

 

 

Барчасп