Июл 04, 2020 14:25 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 23 тонна асал аз оғози имсол дар Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон 23 тонна асал тавлид шуд.

Ба нақл аз Спутник, ин мизони асал дар занбӯристонҳои минтақаи Хатлон тавлид шуд.

Ин мизон тавлиди асал дар Тоҷикистон 5 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳит соли қабл бештар будааст.

Тоҷикистон қасд дорад, асали тавлидшударо ба кишварҳои амрикоӣ ва аврупоӣ содир кунад.

Дар ҳоли ҳозир бештари асали тавлидӣ дар Тоҷикистон дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад, аммо бахше аз он ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Иморот ҳам содир мешавад.