Июл 04, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • 13 парвози вижа барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия

Ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр барои бозгардондани муҳоҷирони бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон дар моҳи июл 13 парвоз анҷом медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард: Ба далели зиёд будани шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели густариши вируси корона ва бекор шудан тамоюл доранд аз Русия ба кишвари хеш бозгарданд, бо тавофуқ бо мақомоти Маскав дар моҳи июл анҷоми 13 парвози фавқулодаи Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр барномарезӣ шудааст.

Интиқоли ин афрод  дар чанд марҳила анҷом мешавад ва авлавият бо занон ва кудакон, солхурдагон, донишҷӯён ва беморон хоҳад буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои ин кишвар дар шаҳрҳои мухталифи Русия вазифадор шудаанд, ки рӯйхати шаҳрвандони дар авлавияти интиқол ба кишварашонро таҳия ва таърихи парвозро ба онон эълом намоянд.

Ба далели густариши вируси корона дар Русия ва таътили марокизи саноатӣ ва тиҷории ин кишвар садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик бекор шуда ва ҳамроҳ бо аъзои хонаводаҳои худ хостори бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд.