Шиносоии 51 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55118-Шиносоии_51_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
Дар 24 соати гузашта 51 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 04, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 51 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Дар 24 соати гузашта 51 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи шанбе чаҳоруми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19  бидуни афзоиш ҳамон 52 нафари қабл эълом шудааст.

Аз 30 апрел то 4 июли 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 159 нафар расидааст ва то кунун чаҳор ҳазору 809 нафар (71.8 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки 202 нафар дар 24 соати гузашта ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 таҳти назорати пизишкӣ будаанд ва 47 нафар низ пас аз мудово мураххас шудаанд.