Июл 05, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • 90 дарсад доруҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад

Мудири маркази иҷрои тарҳҳои муштараки давлат ва бахши хусусӣ дар кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон эълом кард, ки 90 дарсад доруҳои мавриди ниёзи ин кишвар аз хориҷ ворид мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдулхолиқ Холиқзода гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 90 дарсад дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз ҳисоби воридот аз хориҷ таъмин мешавад.

Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон кайфияти доруҳои воридотӣ муҳим мебошад, ки ба ин манзур Вазорати беҳдошт ва кумитаи давлатии гумрукиТоҷикистон назорат бар вуруди доруҳо аз хориҷро ташдид кардаанд, то аз роҳ ёфтани доруҳои бидуни кайфият ва тақаллубӣ ҷилавгирӣ шавад.

Ҳачунин ширкатҳои воридкунандаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда муоф шудаанд, ки мӯҷиби ташвиқи онҳо барои таъмини ниёзи марокизи дармонии ин кишвар бо лавозим мешавад.

 

Барчасп