Эъломи як фавти дигар бар асари корона дар Тоҷикистон
Дар 24 соати гузашта 54 мавриди нави КОВИД-19 бо як фавтӣ дар Тоҷикистон ба сабт расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе шашуми июл 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 бо як маврид афзоиш 53 нафар эълом шуд.
Аз 30 апрел то шашуми июли 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 213 нафар расидааст ва то кунун чаҳор ҳазору 858 нафар (78.2 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки 225 нафар дар 24 соати гузашта ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 таҳти назорати пизишкӣ будаанд ва як ҳазор нафар низ дар хонаҳо дармон мешаванд ва 49 нафар пас аз дармон рухсат ёфтаанд.