Парвози вижа аз Алмаато ба мақсади Душанбе
Июл 07, 2020 09:20 Asia/Dushanbe
Парвози изтирорӣ аз Алмаато ба Душанбе барқарор мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр, ин парвоз қарор аст 9 июл бо як ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр барқарор шавад. Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт: Ин парвоз барои бозгашти шаҳрвандони тоҷик аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт: Шаҳрвандони тоҷик метавонанд барои номнависӣ ба сафоратхона ва ё консулгариҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон муроҷиа кунанд.