Омори корона дар Тоҷикистон
Июл 07, 2020 05:16 Asia/Dushanbe
49 бемори мубтало ба корона тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард: Ин омор нишонгари коҳиши мавориди ибтило ба корона дар шабонарӯзи гузаштааст.
Рӯзи якшанбе омори мубталоён ба ин беморӣ 54 нафар эълом шуда буд.
То кунун 4 ҳазору 914 нафар ҳудуди 78 дарсад аз афроди мубтало ба корона дармон шуданд ва 53 нафар низ бар асари ин беморӣ фавт карданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард: Дар 24 соати гузашта 218 фарди машкук ба ибтило ба корона бистарӣ ва 56 нафар низ пас аз дармон аз бемористон рухсат ёфтанд.