Имзои созишномаи парвоз дар ояндаи наздик миёни Уммон ва Тоҷикистон
Июл 07, 2020 15:59 Asia/Dushanbe
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъулини соҳаи ҳавопаймоӣ дастур додааст, ки бо мақомоти Уммон оид ба ташкили парвозҳо байни ду кишвар созишнома ба имзо расонанд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Осиё плюс, ин тасмим дар авохири моҳи июн дар ҳайати давлати Тоҷикистон гирифта шуд ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ масъули ҳамоҳангии ин масуба аст.
То кунун ҳеҷ парвозе байни кишварҳо барқарор нашудааст.
Тоҷикистон равобити тиҷорӣ ва иқтисодии бисёр каме бо Уммон дорад, соли 2019 арзиши табодулоти тиҷории ду кишвар фақат 5 миллион доллар буд.