Июл 09, 2020 08:50 Asia/Dushanbe
  • Омода набудани бахши пизишкӣ ва тандурустии Тоҷикистон барои муқобила бо бемории корона

Бонки Рушди Осиё муътақид аст бахши дармонии Тоҷикистон барои муқобила бо бемории корона тавонмандии лозимро надоранд.

Бонки Рушди Осиё ,ки ба Тоҷикистон дар ду марҳала кумаки молӣ ба маблағи 50 миллиону 30 миллион доллар барои коҳиши таъсири шуюи корона ба иқтисоди Тоҷикистон ба ин кишвар ихтисос дод аз омода набудани ин Ҷумҳури барои муқобила бо бемории корона хабар дод.

Ба нақл аз Тоб Ти Ҷи , Бонки Рушди Осиё дар гузориши тозаи худ таъкид кардааст ,ки Тоҷикистон аз нигоҳи шохиси амнияти саломат дар байни 195 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 130 қарор дорад.

Ҳамчунин ин кишвар бо ихтисоси 7 дар сад аз будҷа ба бахши тандурустӣ ва дармон дар миёни Осиёи марказӣ дар рутбаи охир қарор гирифтааст.

Бонки Рушди Осиё гуфт ; аз суи дигар Тоҷикистон дар бахши кадри дармонӣ низ дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ҷойгоҳи охирро ба худ ихтисос дод дар ин кишвар сарона барои ҳар 10 ҳазор нафар 21 пизишк аст ,ки дар бақияи кишварҳои минтақа ин шохис 34 пизишк эълон шуд.

Ҳамчунин мизони ҳуқуқ ва дастмузди пизишкон дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ аз 736 то ҳазору 36 сомонӣ ( муодили 74 то 101 ) доллар ва парасторон аз 582 то 683 сомонӣ ( муодили 52 то 67 доллар ) аст ,ки ин мизони ҳуқуқ аз мизони дастмузди пардохти ба кадри дармонӣ ҳамаи кишварҳои Осиёи миёна камтар аст.