Ҳабси абад барои мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55315-Ҳабси_абад_барои_мутаҷовиз_ба_духтари_сесола_дар_Тоҷикистон
Ҷавони мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2020 07:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад барои мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон

Ҷавони мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ба нақл аз Авеста, додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуф Раҷабалиевичро ба иллати таҷовуз ба духтари сесола ба ҳабси абад маҳкум кард.

Маркази матбуотии додгустарии шаҳри Душанбе эълом кард, додгоҳи ин шаҳр ҷурми муттаҳамро мутобиқ бо моддаи 138 (таҷовуз ба хурдсол), 139 (тавоҷузи ҷинсӣ) ва 127 (раҳо кардани фард дар хатар)-и қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.