Муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии ноҳияи Айнӣ ба сафирони кишварҳои хориҷӣ
(last modified Sun, 12 Jul 2020 04:27:57 GMT )
Июл 12, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии ноҳияи Айнӣ ба сафирони кишварҳои хориҷӣ

Дар пайи беҳбуди нисбии вазъияти вируси корона дар Тоҷикистон теъдоде аз сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе бо маконҳои дидании ноҳияи Айнӣ ошно шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи news.taj.su, дар ин сафар, ки Идораи умури гардшгарӣ ва ҳифзи муҳити зисти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва ширкати гардишгарии Скай Тур баргузоркунандаи он буданд, сафирони Афғонистон, Эрон, Покистон, Украина, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Фаластин ва Ҳинд, намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва бунёди Оғохон аз маконҳои гардишгарии ноҳияи Айнӣ ва шаҳраки Саратоғ боздид карданд.

Бо вуҷуди мутаваққиф шудани сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона акнун бо беҳбуди нисбии вазъият дар ин кишвар ширкатҳои хадамоти ҷаҳонгардӣ талош мекунанд, ки дар рӯзҳои боқимондаи тобистон имконоти худро барои сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе муаррифӣ кунанд.

Масъулони ин ширкатҳо муътақиданд, ки сафирони кишварҳои хориҷӣ метавонанд маконҳо ва ҷозибаҳои гардишгарии минтақаҳои куҳистонии Тоҷикистонро ба шаҳрвандони кишварҳои хеш муаррифӣ ва заминаи сафари онон ба Тоҷикистонро фароҳам созанд.