Июл 14, 2020 09:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди нафт дар Тоҷикистон

Тавлиди нафт дар Тоҷикистон аз ибтидои сол 8 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шариф Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон гуфт: Дар нимаи аввали соли 2020, ширкатҳои нафту гоз дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 12 ҳазор тонна нафт тавлид карданд.

Худобахш афзуд: Ин мизон тавлид дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 810 тонна бештар аст.

Ӯ гуфт: Қасд дорем дар оянда барои афзоиши тавлид сармоягузори хориҷиро барои сармоягузорӣ даъват кунем.

Шариф Худобахш, муовини вазири энерживу манобеи оби Тоҷикистон гуфт: Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон аз кашфи захираҳои бузурги нафту гоз дар чуқурии 3 то 5 ҳазор метрии замин хабар дод.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон эълом кард: Пеш аз ин ширкатҳои "Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар заминҳои ҷануби Тоҷикистон фаъолият мекарданд, аммо ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.