Июл 14, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Муборизаи муштарак алайҳи корона меҳвари гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия

Раисони ҷумҳур Тоҷикистон ва Русия телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ин гуфтугӯ бо ибрози нигаронӣ аз хуруҷи корона дар ҷаҳон дар мавриди иқдомоти анҷомшуда барои коҳиши хатари шуйюи бемории корона дар ду кишвар, табодули назар карданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар аҳамияти суръат бахшидан дар ҳамкории байни ду кишвар дар заминаи тандурустӣ ва дармон таъкид кард.

Ҳамчунин раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар бораи теъдоде аз мавзӯъҳои роҳбурдӣ байни Тоҷикистон ва Русия, минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд.