Масофи тими миллии футболи Иморот бо тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон
Июл 15, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
Тими миллии футболи Иморот дар 2 дидори тадорукотӣ ба тартиб муқобили Урдун ва Тоҷикистон қарор мегирад.
Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии футболи Иморот 2 дидори тадорукотӣ дар айёми ФИФА баргузор мекунад.
Иморот бо ҳидояти Луис Пинтуи колумбиёӣ дар аввалин бозии тадорукотӣ ба масофи Урдун меравад. Дувумин дидори дӯстонаи ин тим муқобили Тоҷикистон аст.
Пинту моҳи гузашта ба сурати расмӣ ҳидояти тими миллии футболи Иморотро бар ӯҳда гирифт. Сармураббии колумбиёӣ аввалин листашро барои Иморот эълом кард. Тими миллии Иморот дар марҳалаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 кори сахте дорад ва бояд барои боло рафтан ба марҳалаи баъд тамоми бозиҳоро ба пирӯзӣ бирасад.