Шиносоии 52 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон бидуни фавт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55477-Шиносоии_52_бемори_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавт
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 26 бемори Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва ҳеч мавриди фавти ҷадид сабт нагардидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 52 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон бидуни фавт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 26 бемори Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва ҳеч мавриди фавти ҷадид сабт нагардидааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи понздаҳуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории Ковид -19 дар кишвар бидуни афзоиш, 55 нафар эълом шудааст.

Ҳамчунин аз 30 апрел то понздаҳуми июл теъдоди мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 695 нафар расида, ки то кунун панҷ ҳазору 683 нафар аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 179 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид -19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 51 тан низ пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.