Хасороти бахши ҳамлу нақли Тоҷикистон бар асари шуюи бемории куруно
Вазири ҳамлу нақл ва рҳҳои Тоҷикистон гуфт: бахши ҳамл ва нақли ҷодаи ва релии ин кишвар ба иллати шуюи корона ҳудуди 140 миллион сомонӣ хасорот ворид шудааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамл ва нақли роҳҳои Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: ин хасорот ба далели коҳиши ҳамлу нақли байналмиллалӣ ба далел иҷроии карантина ва баста шудани марзҳо дар нимаи аввали соли 2020 будааст.
Ба гуфтаи вай хасороти ноши аз шуюи корона ба роҳи оҳани Тоҷикистон ҳафт миллион сомонӣ баровард шудааст.
Ба гуфтаи Худоёрзода, дар ҳоли ҳозир роҳкорҳои мухталифи афзоиши ҳамлу нақли ҷодаӣ аз тариқи бошгоҳи марзии Фалама бо Чин дар дасти барраси аст.
Бар асоси эъломи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз январ то июни имсол 3 миллион тон бор аз тариқи роҳи оҳан ва 36 миллион тон низ аз тариқи ҳамл ва нақли умумии ҷодаӣ ҷобаҷо шудааст.