Кашфи 33 тон гӯшти фосид дар Тоҷикистон
Июл 17, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
Аз оғози имсол то кунун 33 тон гӯшти фосид дар Тоҷикистон кашф шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Муҳаммадсаид Файзуллоҳзода, раиси Кумитаи эминии маводи ғизоии Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин 6 ҳазор литр шири фосид ҳам дар манотиқи мухталифи кишвар кашфу забт шуд.
Раиси Кумитаи амнияти ғизоии Тоҷикистон афзуд, дар ин муддат 53 тон анвои сабзӣ ва мева, 6 тон харбуза ва каду, 400 килограм моҳӣ ва ҳудуди 346 килограм асал низ кашф шуд.
Муҳаммадсаид Файзуллоҳзода гуфт, пас аз бозрасӣ аз чорвопарвариҳо 500 раъс гови мубтало ба таби малта (молт) ҳам шиносоӣ шуд.