Июл 17, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии шадиди Тоҷикистон аз таниши марзӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон

Мақомоти Тоҷикистон аз вазъияти муташанниҷ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон, ки мунҷар ба кушта шудани мардум шуд, ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши “Ховар”, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки аз тарафайн мехоҳад, ки аз худ ҳаддиаксари мудоро нишон диҳанд ва оташбас эълом карда, аз ташдиди бештари авзоъ ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ин баёния омадааст: “Мо умедворем, ки ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон, ки Тоҷикистон бо онҳо равобити дӯстона дорад, аз абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истифода кунанд то масоил ҳар чӣ зудтар ҳал шавад”.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар поёни баёнияи худ ба хонавода ва наздикони қурбониёни ҳодиса таслият гуфтааст.