Июл 17, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Оғози зудҳангоми соли таҳсилӣ дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, дарси донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо рӯзи 17-уми август оғоз мешавад.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл гуфт, Рӯзи дониш ва оғози таҳсили донишҷӯён ва донишомӯзони мактабҳо як моҳ баъд -- рӯзи 17-уми август тайин шудааст.
Таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳои Тоҷикистон тибқи риволи ҳар сола 1-уми сентябр оғоз мешавад. Аммо вазири маориф мегӯяд, ба хотири он ки донишҷӯён ва донишомӯзон барвақтар ба таътил рафта, аз ҷараёни таҳсил дур шуданд, ду ҳафтаи аввал давраи мутобиқшавиро мегузаранд.

Мақомоти Тоҷикистон аз 27-уми апрели имсол, баъд аз танқидҳои зиёди мардум, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 донишомӯзонро то моҳи август ба таътили иҷборӣ фиристоданд.

Ба масъулони мактабҳо дастур шуд, ки баҳои хониши солонаи онҳоро аз рӯйи баҳои се чаҳоряки таҳсил гузоранд.

Соли ҷорӣ макотиби Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд.