Бозгардондани 84 кӯдаки тоҷик аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55529-Бозгардондани_84_кӯдаки_тоҷик_аз_кишварҳои_ҷангзада_ба_Тоҷикистон
Комиссари ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт: Соли гузашта 84 кӯдаки тоҷик аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон бозгардонда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 18, 2020 05:20 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани 84 кӯдаки тоҷик аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон

Комиссари ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт: Соли гузашта 84 кӯдаки тоҷик аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон бозгардонда шуд.

Ба нақл аз Спутник, Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода афзуд: Кӯдакони тоҷике, ки аз Ироқ ва Сурия бозгаштанд, дар шароити муносибе нигаҳдорӣ мешаванд.

Вай хотирнишон кард: Дар ҳоли ҳозир ин кӯдакон дар мадориси шабонарӯзӣ ва маконҳои махсуси нигаҳдории кӯдакони бесарпараст нигаҳдорӣ мешаванд.

Вай ҳамунин афзуд: Теъдоди зиёде анз ин кӯдакон, ки дар кишварҳои ҷангзада таваллуд шуданд, хондан ва навитан ҳам балад нестанд ва муаллимон дар мадорис забони модариро ба онҳо омӯзиш медиҳанд.

Дӯстон ва ақвоми баъзе аз кӯдакон ҳар гоҳ аз онҳо хабар мегиранд.