Июл 18, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии додситони Суғд аз ҳузури хурдсолон дар клосҳои ғийримуҷози мазҳабӣ

Додситони Суғд аз ҳузури хурдсолон дар клосҳои ғийримуҷози мазҳабӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Азия Плюс, Ҳабибулло Ваҳидов дар нишасти матбуотӣ гуфт: Дар ҳоле, ки дар муддати мушобеҳи соли 2019 дар минтақаи Суғд фақат се хурдсол дар клосҳои таблиғии мазҳабии ғайримуҷоз ширкат карда буданд, ин теъдод имсол ба 11 кӯдак афзоиш ёфтааст.

Ваҳидов хотирнишон кард: Ин навҷавонон дар минтақи Хӯҷанд, Исфара, Панҷакент, Конибодом ва Ашт дар клосҳои таблиғӣ ширкат карданд.