Мушкилоти бозгашти тоҷиктаборони Русия аз Тоҷикистон бо худравҳои шахсӣ
Қазоқистон барои тоҷикҳои дорои шаҳрвандии Русия, ки бо худрави шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон омада ва мехоҳанд ба Русия бозгарданд, ҳазинаи транзитии 1500 долларӣ таъйин кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи сафорати Русия дар Қазоқистон, беш аз 700 нафар тоҷикҳои дорои шиносномаи шаҳрвандии русӣ як моҳ аст, ки наметавонанд бо худравҳои шахсии хеш аз марзи Узбакистон ва Қазоқистон убур кунанд ва вориди қаламрави Русия шаванд, зеро ба далели густариши вируси корона марзҳои заминии Қазоқистон ва Русия баста шуда ва ин афрод наметавонанд иҷозатномаи ҳаракат аз қаламрави Қазоқистонро дарёфт кунанд.
Ахиран мақомоти Узбакистон эълом кардаанд, ки дар баробари дарёфти 40 доллар аз ҳар худрав омодаанд, ки ин афродро аз қаламрави ин кишвар ба сӯи Қазоқистон убур диҳанд, аммо мақомоти Қазоқистон ҳазинаи ҳаракати транзити ин афрод бо худравҳои шахсӣ ба Русияро 1500 доллар таъйин кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки нархи чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав бо парвозҳои чартерӣ 400 евро мебошад.