Афзоиши ҳазинаи таҳсил дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи Тоҷикистон
Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон аз афзоиши ҳазинаи таҳсил дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи ин кишвар дар соли равон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона ТопТҶ, мақомоти ин хадамот эълом кардаанд, ки аз соли таҳсилии ҷадид дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи ин кишвар ҳазинаи омӯзиш ҳашт дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ба далели афзоиши нархи хадамот, маводи ғизоӣ ва таваррум дар Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона, масъулони донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои ин кишвар пешниҳод карда буданд, ки ҳазинаи таҳсил 15 то 20 дарсад афзоиш ёбад, аммо Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон танҳо бо афзоиши ҳаштдарсадии ҳазинаҳои таҳсилӣ мувофиқат кардааст.
Ин афзоиш, донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши техникӣ ва ҳирфаии дохилӣ ва шуъбаҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро шомил мешавад, аммо риштаҳои улуми табииро дар бар намегирад.
Дар Тоҷикистон солҳои 2020 то 2040 ду даҳаи омӯзиши улуми табиӣ эълом шудааст.
Ҳадаф аз эъломи бист соли омӯзиши улуми табиӣ дар Тоҷикистон, тақвияти фарогирии улуми табиӣ ва риёзӣ дар ин кишвар ва ниҳодина кардани тафаккури техникӣ дар хонандагон ва насли ҷавон эълом шудааст.