Июл 19, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи 50 дорухона барои гаронфурӯшии дору дар шароити коронаӣ дар Тоҷикистон

Раиси хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ҷаримаи молии 50 дорухона барои гаронфурӯшии дору, дар шароити коронаӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Tap Tj, Абдулмаҷид Мӯъминзода гуфтааст, ки моликони ин дорухонаҳо барои гаронфурӯшии доруҳои мавриди ниёзи беморони мубтало ба коронавирус, ба маблағи 100 000 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар мавориде, қимати як дору, ки қабл аз густариши коронавирус 70 сомнӣ буд, ба мардум ба маблағи 700 сомонӣ фурӯхта шудааст.

 

Барчасп