Донишманди тоҷик: Номи форсии тоҷикиро ба забони мардуми тоҷик баргардонед
Нависанда ва донишманди тоҷик бо ирсоли номае ба ҳукумати Тоҷикистон хостори бозгашти номи "форсии тоҷикӣ" ва таърихи қаблии расмӣ шудани забони давлатӣ дар ин кишвар шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Шаҳобиддин Шуҷоъ дар ин нома таъкид кардааст, ки дар таърихи 22 июли соли 1989 ва даврони ҳукумати шуравӣ қонуни расмӣ шудани забони форсии тоҷикӣ дар парлумони вақти Тоҷикистон тасвиб шуд, аммо дар соли 2009 ин таърих ба 22 октябр тағйир кард.
Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки дар даврони ҳукумати феълӣ бо фишори иддае аз коммунистҳо дар парлумони Тоҷикистон вожаи форсӣ аз таркиби забони форсии тоҷикӣ ҳазф шуд, ки бояд барои пешгирӣ аз таҳрифи таърих, ҳам рӯзи дақиқи расмӣ шудани забон ва ҳам номи аслии он ки форсии тоҷикӣ мебошад, дубора барқарор гардад.
Шаҳобиддин Шуҷоъ муътақид аст, ки мақомоти ҳукуматӣ барои пазириши пешниҳодҳои ӯ иқдом нахоҳанд кард, аммо вай ба унвони як фарди миҳанпараст вазифаи худ медонад, ки барои барқарории адолат ва ҳифзи забон ва фарҳанги кишвари хеш ва ба поси хадамоти шахсиятҳое, ки дар даврони шуравӣ нахустин қонуни расмӣ шудани забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистонро тасвиб карданд, коре анҷом дода бошад.