Июл 20, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Маркази хариди либос барои шаҳрвандони шаҳри Душанбеи Тоҷикистон

Сокинони Душанбе куҷо метавонанд либоси мактаб бихаранд?

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Вазорати саноат ва фановарииҳои ҷадиди Тоҷикистон дар ҳар минтақа аз шаҳри Душанбе ба ҷуз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар он 2 намоишгоҳи фурӯш дар назар гирифта шуда ,як маҳалро барои фурӯши либоси мактаб ифтитоҳ кардааст. 
 
 Сокинони пойтахт метавонанд барои фарзандони худ дар манотиқи Фирдавсӣ,Шоҳ Мансур,Ёқут ва Сино либоси формаи мактаб харидорӣ кунанд. 
 
 Намоишгоҳҳои фурӯши либос ва васоили мактаб дар маҳаллҳо мушаххас шуда аз 15 июл дар пойтахт оғоз ва то 15 август идома хоҳад дошт. 
 
 Ин тасмимро Қоҳир Расулзода нахуст вазири Тоҷикстон ба вазорати саноати  ин кишвар иблоғ кард.