Июл 21, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар Хуҷанд

Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар Хуҷанд таъсис мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз “Ховар”, бунёди ин муассисаи олӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» роҳандозӣ гардид.

 Қарор аст дар ин бунёд 20 ихтисос тадрис шавад.

Донишкадаи мазкур аз 68 синфхона, 8 озмоишгоҳ, 20 кабинети фаннӣ, 5 синфи калони лексионӣ, китобхонаи электронӣ, ошхона, хобгоҳ иборат буда, имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад.