Июл 21, 2020 09:07 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи 103 нафар аз аъзои гуруҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон

Раиси додгоҳи олии Тоҷикистон аз баррасии парвандаи ҷиноятии 103 нафар ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин хабар дод.

Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабарии масъулони додгоҳи олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт: Ба далели теъдоди зиёди муттаҳамон дар ин парванда бархе аз ҷаласаҳои додгоҳ пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳҳо дар ҳоли баргузорӣ аст.

Вай таъкид кард, ки аз миёни ин 103 нафар ду тан узви шаҳрвандони Миср, ки ба унвони устодони забони арабӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекарданд муҳокима мешаванд ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 нафар ва боздошти 113 тан аз аъзои Ихвонулмуслимин дар ин кишвар хабар доданд, ки бештари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.

Фаъолияти гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар ба унвони созмони террористӣ мамнуъ аст.