Маҳкумияти зиндон барои 9 нафар аз ҳамлагарон ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55642-Маҳкумияти_зиндон_барои_9_нафар_аз_ҳамлагарон_ба_посгоҳи_марзии_Ишқободи_Тоҷикистон
Ҳамлагарони мусаллаҳ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 21, 2020 06:03 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои 9 нафар аз ҳамлагарон ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон

Ҳамлагарони мусаллаҳ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон Шермуҳаммад Шоҳиён- раиси додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт: Ин 9 нафар террорист, ки чаҳор зан, як марду 4 нафар низомӣ ҳастанд ба 2 то 27 сол ҳабс маҳкум шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён дар мавриди ҳамлаи ноябри соли гузашта ба посгоҳи Ишқобод тавзеҳи бештаре надод.

Ӯ хотирнишон кард, ки ин парванда маҳрамона аст ва ҳаққи фош кардани ҷузъиёти бештарро надорад.

Соати 3 ва 23 дақиқаи бомдоди 6 ноябри 2019, як гуруҳи мусаллаҳ ба посгоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамла карданд дар ин ҳамла аз ҳар ду тараф ҳудуди 20 нафар кушта шуданд.

Тоҷикистон муҳоҷимонро аъзои "ДОИШ" муаррифӣ кард.