Эъломи маҳдудиятҳои маросими иди Қурбон дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 22 Jul 2020 03:55:18 GMT )
Июл 22, 2020 08:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи маҳдудиятҳои маросими иди Қурбон дар Тоҷикистон

Имсол барои баргузории ҷашнҳои иди Қурбон дар Тоҷикистон маҳдудиятҳое дар назар гирифта шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шурои уламои Тоҷикистон эълом кард, ба далели шуйюи бемории корона маҳдудиятҳое барои маросими иди Қурбон пешбинӣ шудааст. Ин манбаи хабарӣ эълом кард, шояд барои пешгирӣ аз шуйюи корона намози иди Қурбон баргузор нашавад.

Шурои уламои Тоҷикистон ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия кард, ки иди Қурбонро дар хонаҳои худ ҷашн бигиранд.

Қарор аст замони дақиқ ва чигунагии баргузории маросими мазҳабии иди Қурбон, 22 июл пас аз ҷаласаи Шурои уламои Тоҷикистон эълом шавад.

  31июл баробар бо 10 зилҳаҷҷа иди Қурбон аст.