Июл 22, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин муҷтамаи варзишии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бузургтарин муҷтамаи варзишии Тоҷикистон бо ҳузури раиси ҷумҳури ин кишвар дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муҷтамаи варзишии шаҳри Душанбе шомили замини ихтисосии футбол ва тенис, толорҳои кушти , гимнастик, бокс ва ҳавзи шиноварӣ аст.

Ин маҷмуа дар замине ба масоҳати 10 гектар ва дар муддати 8 сол сохта шуда ва муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин имконоти умронӣ ва варзишӣ аст.