Июл 22, 2020 14:13 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми узвияти як шаҳрванди тоҷик дар гуруҳи террористии ДОИШ дар Олмон

Додситонии Олмон як тоҷикро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи ДОИШ боздошт кард.

Додситонии федерали Олмон Равшан Баротов, шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ДОИШ, талош барои анҷоми амалиёти террористӣ, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ва кумаки молӣ ба ин созмон боздошт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин ниҳод эълом кардааст, ки Равшан Баротов мутаваллиди шаҳри Душанбе, ки чанд соле аст бо хонавода дар Олмон зиндагӣ мекунад бо узвият дар гуруҳи террористии ДОИШ талош кардааст, ки чанд амалиётро ба дастури ДОИШ тарроҳӣ ва иҷро кунад.

Вай марти  2019 боздошт шуд ва инак додситонии федерали Олмон эълом кардааст ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд дошт дар баробари дарёфти 40 ҳазор евро як фаъоли бахши хусусиро дар кишвари Албания ба қатл бирасонад.

Вай ҳамчунин муттаҳам ба интиқоли маблағи ҳазор евро ба ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ аз тариқи Туркия аст

5 шаҳрванди Тоҷикистон низ дар ин парванда боздошт шуданд.