Июл 22, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Бемайлии донишҷӯёни аз хориҷ бозгашта ба идомаи таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Аз наздик ба чаҳор ҳазор донишҷӯи улуми динии бозгардонидашуда аз кишварҳои хориҷӣ дар 10 соли ахир танҳо 95 нафар дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба таҳсил идома медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, мақомоти Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбе бо эъломи ин матлаб гуфтаанд, бақияи донишҷӯёне, ки аз марокизи омӯзишии исломии кишварҳои хориҷӣ ба ин ҷумҳурӣ бозгардонида шуданд, аз идомаи таҳсили улуми динӣ дар танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.

Бар асоси гузориши ин кумита, далели худдории ин афрод аз идомаи таҳсили улуми динӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мушаххас нест ва теъдоде тарҷеҳ додаанд, ки машғул ба кор шаванд ва иддае ҳам ба хидмати низомӣ эъзом гардидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз 10 сол қабл раванди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар марокизи омӯзиши исломии кишварҳои хориҷиро оғоз карданд.

Далели ин иқдом дур нигоҳ доштани ин донишҷӯён аз таъсири афкор ва андешаи гурӯҳҳои ифротие, ки дар марокизи омӯзишии исломии кишварҳои хориҷӣ нуфуз кардаанд, эълом шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Донишкадаи исломии Тоҷикистон 924 донишҷӯ дорад ва пас аз бозсозӣ ва тавсеаи сохтмони он имкони пазириши як ҳазору 500 нафар фароҳам хоҳад шуд.

 

Барчасп