Мушкилоти низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити коронаӣ
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз таътилии 107 маркази хадамоти бонкӣ дар ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол дар пайи густариши вируси корона хабар дод.
Ба гузориши “Спутник”, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки наздик ба чаҳор ҳазор корманди бонкҳо ва муассисоти моливу эътибории ин кишвар ба далели густариши вируси корона ва коҳиши фаъолиятҳо ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд.
Вай коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ ва ба вижа Русия ба далели густариши вируси коронаро яке аз дигар авомили ташдиди буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон унвон кард.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 999 миллион доллар аз хориҷ ба Тоҷикистон тавассути коргарони муҳоҷир ирсол шуда, ки ин маблағ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Коҳиши даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ ба дохили Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона муҷиби суқути 6.4 дарсадии арзиши сомонӣ дар баробари доллар тайи шаш моҳи аввали имсол шудааст.