Июл 23, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ҳисор

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароянди кишт ва тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои Талабшоҳ Давлатов шаҳри Ҳисор ошно шуд.

Ба нақл аз Ховар Талабшоҳ Давлатов аз 10 гектар замини кишоварзии худ дар рустои Ҳаёти нав ҳар сол се навъи маҳсулот бардошт мекунад.

Истифодаи ҳадафманд аз замин , истифода аз шеваҳои навини кишоварзӣ ва коришабонарӯзӣ сабаб шуда то ин кишоварз ҳарсола маҳсулоти бештаре бардошт кунад.

Раҳмон дар ин сафар аз анбори захираи маводи ғазоии ин рӯсто ҳам боздид кард.

Дар ин анбор гандум , лубиё , адас , нахуд  ва дигар маҳсулоти зироатӣ дар зарфҳои махсус ва кансерва шуда нигаҳдори мешавад.