Ифтитоҳи ду шабакаи телевезионӣ дар Тоҷикистон
Июл 23, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
Ду шабакаи телевезионӣ дар Тоҷикистон роҳандози мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии САдои Хуросон , Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевезион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт ; ин ду шабака то поёни сол роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ӯ афзуд ; илм ва табиат , санойеи дастӣ , мардум ва гардишгарӣ ду шабакаи тахасусӣ аст ,ки бо ҳамкори ва кумаки Вазоратхонаҳои дороӣ ,додгустари, тавсиаи иқтисодӣ ва тиҷорат ва фарҳанг ва Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Ӯ афзуд ; пешбинӣ мешавад шабакаи илм ва табиат пас аз таъйиди давлати Тоҷикистон , то поёни моҳ фаолияти худро оғоз кунад ва шабакаи санойеи дастӣ ва гардишгарӣ низ то поёни сол ифтитоҳ шавад.