Имзои қарордоди кумаки молии мақомоти Тоҷикистон ва Олмон
Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон тавофуқи дигареро дар мавриди ихтисоси будҷа барои сохти неругоҳи барқии Себзор дар минтақаи Бадахшон имзо кард.
Ба нақл аз Осиё плюс , Завқӣ Завқизода вазири тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва мудири Бонки Тавсиаи Олмон барои сохти неругоҳи Барқӣ обии Себзор қарордоде ба арзиши 18 миллиону 600 ҳазор евра имзо карданд.
Ҳамчунин тавофуқе бо ин Бонки олмонӣ дар мавриди тахсиси 1 миллион евра ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории корона имзо шуд.
2 августи 2019 , давлатҳои Тоҷикистон ва Олмон тавофуқномаеро имзо карданд ,ки барасоси он , Олмон 17 миллион евра барои сохти неругоҳи Себзор кумак кунад.
Ҳамчунин дар 2 уми декабри 2019 , қарордоди молӣ барои сохти ҳамон неругоҳ байни давлатҳои тоҷикистон ва Суис барои таъмини эътибори сохти хати интиқоли110 килловват неругоҳи Себзор - Хоруғ , ба арзиши 9.55 миллион доллар имзо шуд.
Илова бар ин, Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои имконсанҷии хати интиқоли Барқи неругоҳ 1 миллиону 900 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумак кард.
Дар 26 сентиябри соли 2019 , Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба парлумони ин кишвар гуфт ; Неругоҳи Барқб обии Себзор бояд соли 2022 роҳандозӣ мешавад.