Июл 25, 2020 09:10 Asia/Dushanbe
  • Кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон

Раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфт: Таҳқиқот нишондиҳандаи кунд шудани рушди иқтисодии кишвар аст.

Ба нақл аз Азия Плюс, Хуршед Зиёӣ гуфт: Рушди иқтисодии Тоҷикистон солона ҳудуди 7 дарсад буд, вале ин мизон имсол ба ҳудуди 4 дарсад расидааст.

Вай афзуд: Ҳанӯз 6 моҳ фурсат барои ҷуброни коҳиши рушди иқтисодӣ фурсат ҳаст ва дар ин муддат мешавад бо талош рушди иқтисодиро ба 7 дарсад бирасонем. 

Ӯ коҳиши табодулоти тиҷории хориҷӣ, коҳиши судури ҳаволаҳои интиқоли пул ва рукуд дар саноати ҳамлу нақл ва гардишгариро аз таъсироти манфии хурӯҷи коронавирус дар иқисоди Тоҷикистон эълом кард.