Тоҷикистон алоқаманди истифода аз ваксинаи коронаии тавлидшудаи Русия
(last modified 2020-07-25T07:01:57+00:00 )
Июл 25, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон алоқаманди истифода аз ваксинаи коронаии тавлидшудаи Русия

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт: Ин кишвар алоқаманди истифода аз ваксинаи тавлидшудаи Русия аст.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт: Тоҷикистон алоқаманд аст аз ваксинаи тавлид ва тасдиқшудаи мутахассисони Русия истифода кунад. Мутахассисони тоҷик аз пешрафти донишмандони русӣ иттилоъ доранд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон афзуд: Аз ибтидои ҳамагирии коронавриус то кунун, 65 000 озмоиши коронаврус аз беморон гирифта шудааст. 

Абдуллозлода гуфт: Аз Русия тақозо мекунем, ки пас аз гузарондани озмоиши болинӣ, ваксинаро дар ихтиёри мо қарор диҳад.