Коҳиши талоқ ва издивоҷ дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55761-Коҳиши_талоқ_ва_издивоҷ_дар_Душанбе
Теъдоди издивоҷ ва талоқ дар Душанбе коҳиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 25, 2020 08:47 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши талоқ ва издивоҷ дар Душанбе

Теъдоди издивоҷ ва талоқ дар Душанбе коҳиш ёфт.

Муҳаммадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе гуфт: Хурӯҷи коронавирус сабаби кам шудани теъдоди издивоҷ дар Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе шудааст.

Ӯ афзуд: Теъдоди талоқ дар 6 моҳи нахусти имсол, дар муқоиса бо соли гузашта 49 маврид камтар ва ба 931 маврид расидааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт: Аз январ то июл, 2199 издивоҷ дар пойтахт сабт шуд, ки ин теъдод 567 издивоҷ ҳудуди 20 дарсад камтар аз муддати мушобеҳ ба соли гузашта аст.