Июл 25, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми иҷбории ҷавони ношунаво ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Як ҷавони ношунаво дар Тоҷикистон ба иҷбор ба сарбозӣ эъзом шуд.

Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, Дилшод Шафоеви 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо вуҷуди ин, ки яке аз гӯшҳои ӯ модарзодӣ ношунаво буд, ба иҷбор ба сарбозӣ эъзом шуд.

Хонаводаи ин сарбоз гуфтанд, ки ду ҳафта пас аз шурӯи хидмати ҳарбӣ, Дилшод ба далели уфунати гӯш дар бемористон бистарӣ  ва ҷарроҳӣ шуд.

Додситонии артиш дар минтақаи Суғд низ эълом кард, онҳо аз он чи иттифоқ афтодааст иттилоъ доранд ва иллати эъзоми иҷбории ин ҷавони ношунаво ба сарбозӣ дар ҳоли баррасӣ аст.