Июл 25, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти пухти ғизои гарм барои донишомӯзон аз Русия ба Тоҷикистон

Русия таҷҳизоти табхи ғизо дар ошпазхонаҳои мадориси шабонарӯзӣ ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба нақл аз Спутник, ин таҷҳизот ва лавозими табхи ғизо барои таҳияи ваъдаҳои ғизоии ройгони донишомӯзони мақтаи дабистон дар шаҳрҳои Душанбе ва  Бохтар ба Тоҷикистон ирсол мешавад.

Ҳамчунин Русия 21 миллион доллар барои иҷрои тарҳи беҳбуди тағзияи мадориси Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод.

Зарфҳои ғизохӯрӣ, гази барқӣ, дег ва яхчол, аз ҷумлаи таҷҳизоте буд, ки бо ҳавопаймои низомии Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуд.