Июл 25, 2020 22:06 Asia/Dushanbe
  • 300  ҳазор сомонӣ ҷарима барои поймолкунандагони қонуни ҷашну маросим дар Суғд

Корманди баландпояи Кумитаи дин анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд аз ҷаримаи 300 ҳазор сомонии поймолкунандагони ин қонун дар шаш моҳи нахусти имсол дар Суғд хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Айюбҷон Саъдуллозода дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт: Асоси ин қонуншиканиҳо дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом ва Айнӣ сабт шуда ва афроди қонуншикан ба пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин миён номи чаҳор овозхон ҳам дар байни поймолкунандагони қонуни танзими ҷашну маросим мушоҳида мешавад, ки онон низ ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Юсуф Раҳмон- додситони кулли Тоҷикистон чанде қабл эълом кард, ки таи шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар 744 маврид поймолсозии қонуни танзими ҷашну маросим сабт шуда, ки бо ташкили парванда, 240 нафар ба додгоҳҳо муаррифӣ шудаанд.

Маблағи ҷаримаи поймол кардани қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ (баробар бо 500 доллар) таъйин шудааст.

 

Барчасп