Июл 27, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Маҳсулоти саноатӣ, 48 дарсади содироти Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол

Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон эълом кард: 48 дарсад аз содироти ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсолро маҳсулоти саноатӣ ташкил мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон, арзиши молии маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷ дар шаш моҳи нахусти имсол ба 640 миллиону 300 ҳазор доллар расида, ки 306 миллиону 700 ҳазор доллари он маҳсулоти саноатӣ мебошад.

Дар ин муддат ба хориҷ 48 ҳазору 600 ҳазор тонна алюминий, 668 ҳазору 500 тонна семент, беш аз 67 тонна рангҳои мухталиф ва ҳафт ҳазору 800 тонна риштаи пахта содир шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат ҳаҷми умумии тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба 13 миллиарду 136 миллион сомонӣ (баробар бо як миллиарду 200 миллион доллар) расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл рушди 9.2 дарсадиро нишон медиҳад.

 

Барчасп