Афзоиши маоши кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон аз аввали сентябр
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55848-Афзоиши_маоши_кормандон_ва_бознишастагон_дар_Тоҷикистон_аз_аввали_сентябр
Маоши кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон аз аввали сентябр афзоиш меёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 27, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши маоши кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон аз аввали сентябр

Маоши кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон аз аввали сентябр афзоиш меёбад.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, ба нақл аз Фарғона ин дар ҳоле аст ки коргарони ширкати олуминиуми Тоҷикистон (Толку), коркунони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр чанд мартаба ба иллати тахир дар пардохти маош ба мақомот эътироз карданд. 
 
 Агентии омори раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод, дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ , ақиб афтодагии дастмузд дар ин кишвар 27 дар сад(51миллион сомони) афзоиш ёфта ки 75 дар сад ақибафтодагӣ марбут ба бахшҳои саноати  маъдан , ҳамл ва нақл ва фароварии маҳсулот аст. 
 
 Аммо бар асоси эъломи Гулрӯ Ҷабборзода вазири кори Тоҷикистон дар нимаи аввали  соли мутавассит ​​дастмузди исме ҳудуди 1370 сомони (133 доллар) будааст, ки нисбат ба соли қабл 2.5 дар сад афзоиш доштааст. 
 
 Гулрӯ Ҷабборзода афзуд: бо ин ҳол маоши воқеии  моҳонаи ҳар корманд дар муқоиса бо соли гузашта 4 дар сад коҳиш ёфтааст. 
 
 У иллати  ин коҳиши маошро таъдил ва мураххасии иҷбории коркунони идорот ва ширкатҳои мухталиф ба иллати шуйӯъи бемории  корона эълом кард. 
 
 Вазири кори Тоҷикистон гуфт: то ибтидои соли 2020 миқдори кулли маош ва дастмузди ақибафтодаи кишварҳҳудуди 47 миллиону 300 ҳазор сомонӣ буда, ки ба ин мизон ,20 миллион сомонӣ ҳам дар нимаи аввали соли ҷорӣ изофа шудааст.